Ба гузориши хабаргузории Абна бо истинод ба хабаргузории Риа Новости, Владимир Мединский, раҳбари ҳайати русӣ дар музокирот бо Украина, пас аз анҷоми нишасти Истанбул ба хабарнигорон гуфт: "Русия лоиҳаи ёддошти ҳалли низоъро ба ҷониби украинӣ таҳвил дод".
Раҳбари ҳайати русӣ дар музокирот бо Украина дар ин хусус гуфт: "Ёддошти ҷониби русӣ дар бораи ҳалли низоъи Украина муфассал ва хуб таҳия шудааст. Чандин масъалаи амалӣ дар ҷараёни музокирот ҳал шуд. Русия ҳафтаи оянда ба таври якҷониба ҷасадҳои 6 ҳазор сарбози украинӣро ба Киев таҳвил хоҳад дод".
Владимир Мединский дар идома илова кард: "Мо бо Украина дар бораи васеътарин даври табодули асирон ба тавофуқ расидем. Русия ба Украина пешниҳоди оташбас барои 2 то 3 рӯз дар бахшҳои муайяни ҷабҳаҳо додааст; Киев онро баррасӣ хоҳад кард".
342/
Your Comment